Шиносоӣ бо Лоиҳаи банақшагирии қисмати маркази шаҳри Турсунзода
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати маркази шаҳри Турсунзода шинос шуданд.
Мутобиқи маълумот ҷиҳати татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад, ки ин барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
