Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст, ки барои сокинони деҳаи Сангистон туҳфаи арзанда дониста мешавад.
