Боздид аз ҷараёни корҳо дар толори мошинҳои НБО «Роғун»
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз иншооти НБО «Роғун» ба толори мошинҳо ташриф оварданд.
Нахуст Пешвои миллат аз чархи кории доимӣ, ки ҳоло дар майдончаи васлгарӣ гузошта шудааст, дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин чархи корӣ барои иваз намудани чархи кории агрегатҳои мувақатии 5 ва 6 дастрас шудааст ва баъди анҷом ёфтани ин кор тавоноии ҳар яке аз 200 ба 400 мегават баланд бардошта мешавад.
