Ифтитоҳи “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон” дар ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон” бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Иншооти мазкур аз 54 ҳуҷра, толори маҷлис бо 50 ҷой, толори компютерӣ бо 50 курсӣ ва 30 компютер иборат аст.
