Иштирок дар ҷамъомад ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри миллӣ
8 сентябр дар Театри миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз - 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
