Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати маъдани “Чжитсун Литий” Нан Ҷинси
18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани “Чжитсун Литий” Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати маъдани литийи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.
