Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ва ба истифода додани бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
