Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Фардо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд, 32 сол пур мешавад.
Ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба муносибати ин санаи таърихӣ – ҷашни фарзандони далеру шуҷои Ватан самимона табрик мегӯям.
