Ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳӣ дар шаҳри Гулистон
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди 1 тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад.
